ОНЛАЙН РЕЗЮМЕ ЛАТИФОВ ШУХРАТ Панчшанбе, 25.04.2024, 18:04
Приветствую Вас Гость | RSS

Меню сайта

Календарь
«  Январь 2012  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031

Главная » 2012 » Январь » 25 » Варакаи информатсиони тахти лоиха
14:19
Варакаи информатсиони тахти лоиха
 
Ин варака тахти лоихаи «Рушд ва пешбарии хукуки занон ва кўдакон» чоп гардидааст. Вазифаи лоиха баланд бардоштани фахмиш ва савияи дониши ахоли ва хусусан заноне, ки тахти фишор, хушунат ё шароити номусоид карор доранд. Мафхуми «хушунат нисбати занон»-ин хамагуна амали зўровари, ки таъсири чисмони, рухони ва дигар намудхои таъсири манфи ба саломатии инсонро дорост, ва инчунин тахдид чунин зўровари нисбати занон ва кўдакон.
 Хангоми дучори хушунат чи бояд кард?
1.Агар нисбати Шумо хушунат аз тарафи касе содир шуд, ва Шумо мехохед хушунатгар чазо бинад, дар хол ба хукукшинос ё худ химоячи мурочиат намоед. Чи кадаре саривакт мурочиат намоед, хамон кадар зуд хукукшинос (химоячи) метавонад саривакти ба Шумо кўмаки хукуки расонида хукукхои шуморо баркарор намояд ва хушунатгар чазои сазовор бинад.
2.Ба хукукшинос (химоятчи) ва конун бовар намоед. Зеро хукукхои Шумо аз тарафи Давлат, Сарконун, ва дигар Конунгузорихои Чумхурии Точикистон ва Байналмилли химоя карда мешавад.
3.Дар хотир доред! Банди 21 –и Сарконуни ЧТ : «Конун хукуки чабрдидаро химоя намуда, Давлат кафолати химояи Суди ва баркарор намудани хисороти расонидашударо медихад.
4.Натарсед, рухафтода набошед ва хама вакт ба худ бовари кунед. Илтимос ё зори накунед, талаб кунед то хукуки поймолгаштаатонро баркарор кунанд, талаб кунед ба хушунатгар парвандаи маъмури ва чинои кушода шавад.
5. Хангоми инкори кушодани парванда ба прокуратура мурочиат намоед.
6. Хатман нишонахои хушунат, ашъёхои истифодакардаи хушунатгар ки вучуд доранд нигох доред ва онро нест ё ислох накунед. Катрахои хуни чакида, ашъёи истифода бурдаи хушунатгар (корд, калтак, ва дигар) метавонанд хамчун мавод барои исботи хушунати чисмони нисбати Шумо истифода шаванд.
7.Агар нисбати Шумо хушунати чисмони раво дида шуда бошад, дар хол аз муоинаи духтурон гузашта шаходатномаи расонидани чарохатхои чисмониро гиред. Ин барои чалби хушунатгар ба чазои чинои мухим аст.
8. Бояд донед, ки конун ба чабрдида бисёр салохиятхоро додааст. Баъд аз кушодани парвандаи чинои ва чабрдида эътироф шуданатон Шумо мувофики банди 54 Кодекси Чиноии ЧТ хукук доред ба: пешиниходи далелхо, шиносои бо парванда баъд аз итмоми пайгирии пешакии парванда, шикоят аз болои чавобгар, муфаттиш (следователь), прокурор ва суд ва хамчунин халномаи суд. Хеч гох гулом нашавед, бисьёрихо аз тарси овозахои хамсояхо, хешовандон, обрўи падару модар худро курбони гуломи карда, ходисахои хушунатро пинхон нигох медоранд.
9. Дар хотир дошта бошед ки муочимати зўраки бо хамсари худ низ мувофики банди 138-и Кодекси Чиноии ЧТ чинояти дастбазўри шуморида шуда, никох озодии шахвонии занро махдуд намекунад.
10. Барои саргашта нашуданатон хеч гох надониста ба химояи худ танхо мубориза набаред, зеро ба Шумо танхо хукукшиносон метавонад ёрии босифати хукуки расонанд. Хушунат на танхо аз тарафи шавхар ва хешовандон балки аз тарафи хамкорон ва сардорони ташкилот низ нисбати зердастон эхтимолияти ба вукўъ пайвастан дорад ва хангоми шикоят ба макомотхои далхдор ва шахсони масъул бояд донед! Хукукхои шахрванд хангоми пешниходи шикоятнома Дар хотир дошта бошед! Конун дар бораи мурочиати шахрвандон тахти раками 208 аз 21.11.2006 дар банди 7, хукукхои шахрвандонро хангоми додани шикоятнома чунин муайян намудааст. Шахрвандоне, ки бо шикоят ба макомоти давлати, ташкилотхои чамъияти ва истехсоли (новобасти ба шакли моликияти ташкилот) мурочиат менамоянд, хукук доранд:
-шахсан далелхоро ба шахси масул пешниход намоянд;
-пешниходи далелхои иловаги ва талаботи иловаги ба шахсони масуле, ки шикоятномаро салохияти дида баромадан доранд;
-истифода аз химатрасонии химоятгар ва дигар шахсон хангоми зарурият; -гирифтани чавоби хатти оиди натичаи дидабаромадани шикоятнома;
-талаб кардани баркароркунии хисорот аз чавобгарон мувофики талаботи конунгузори; -хангоми рози набудан аз натичахои халли шикоят, хукуки мурочиат ба суд барои халли он.
Дар кадом мўхлат бояд шикояти Шумо дида баромада шавад?
Конунгузор дар банди 12-и Конун дар бораи мурочиати шахрвандон тахти раками 208 аз 21.11.2006 дар бораи мўхлати дида баромадани шикоятхо чунин муайян намудааст: Агар мурочиат дар давоми 15 рўз маводхои иловаги ва пайгири талаб накунад бояд дар муддати як мох дида баромада шавад. Хангоме, ки мурочиат ба далелхо ва пайгирии иловаги мўхточ мебошад, дар ин холат мўхлати он як мохи дигар дароз карда мешавад. Ва рохбар ё муттасади хукук надорад дида баромадани онро аз ду мох зиёд кашол дихад.
Просмотров: 2018 | Добавил: ngo
Наши партнеры
 
  
  

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Наши партнеры
  • АФОКП        
  • Лучшие сайты Рунета
  • Кулинарные рецепты

  • Shuhrat Latifov

    Создайте свою визитку
    Copyright Shuhrat Latifov © 2024Сделать бесплатный сайт с uCoz