ОНЛАЙН РЕЗЮМЕ ЛАТИФОВ ШУХРАТ Панчшанбе, 25.04.2024, 20:06
Приветствую Вас Гость | RSS

Меню сайта

Календарь
«  Декабрь 2009  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031

Главная » 2009 » Декабрь » 13 » Сатр ё худ хичоб дар динхои осмони
07:05
Сатр ё худ хичоб дар динхои осмони

 
Сатр дар оини Зартушт
 
"Дар дини Зартушт, либос ё кайфияти хоссе барои ҳиҷоби занон воҷиб нашудааст, балки либоси роиҷи он замон, ки шомили либоси баланд, шалвор ва сарпўш будааст, мавриди тақриру танфиз қарор гирифтааст. Албатта истифода аз сидра ва куштӣ (либоси динии вижаи зартуштиён) тавсия шудааст... Бар ҳар марду зан воҷиб аст, ки ҳангоми анҷоми маросими ибодӣ ва ниёйиш, сари худро бипўшонад. Бино ба гуфтаи мўбад Рустами Шаҳрзодӣ, пўшиши занон бояд ба гунае бошад, ки ҳеҷ як аз мўйҳои сари зан аз сарпўш берун набошад. Дар Хурда-Авасто ба таври саҳеҳ омадааст: "Номе зит воҷим, ҳамагӣ сар вопўшем ва ҳамагӣ намозу карим ба додори Ҳурмазд”. Яъне ҳамагон номе зи ту баргўйем ва ҳамагон сари худро мепўшем ва он гоҳ ба даргоҳи додор Аҳурумаздо намоз мекунем. Бар асоси омўзаҳои динӣ, як Зартуштии мўъмин бояд аз нигоҳи нопок ба занон дурӣ ҷўяд... Дар андарзи "Озарбодморисапанд”-и мўбади мўбадон омадааст: "Марди бадчашмро ба муовинати худ қабул макун”.[3]
 
Ҳиҷоб дар шариати яҳуд
 
Ривоҷи ҳиҷоб дар байни занони қавми яҳуд, матлабе нест, ки касе битавонад онро мавриди инкор ё тардиди худ қарор диҳад. Муаррихон, на танҳо аз марсум будани ҳиҷоб дар байни занони яҳуд сухан гуфтаанд, балки ба ифротҳо ва сахтгириҳои бешумори онон низ дар ин замина тасреҳ кардаанд. Дар китоби "Ҳиҷоб дар Ислом” омадааст: "Гарчӣ пӯшиш дар байни араб марсум набуд ва Ислом онро ба вуҷуд овард, вале дар миллатҳои ғайри араб, ба шадидтарин шакл ривоҷ дошт. Дар Ирон ва дар байни яҳуд ва миллатҳое, ки аз фикри яҳуд пайравӣ мекарданд, ҳиҷоб ба маротиб шадидтар аз он чи Ислом мехост, вуҷуд дошт. Дар байни ин миллатҳо чеҳра ва ду кафи даст ҳам пӯшида мешуд. Ҳатто дар баъзе аз миллатҳо, сухан аз пӯшидани зан ва чеҳраи зан набуд, балки сухан аз пинҳон кардани зан буд, ва ин фикрро ба сурати як одати сахт дароварда буданд”.[1] Вил Дурант, соҳиби китоби "Таърихи тамаддун”, ки одатан саъй мекунад мавориди бараҳнагӣ ё аҳёнан ороишҳои занони ҳар қавмро бо обу тоб нақл кунад, то онро табиӣ ҷилва диҳад, дар ин маврид мегӯяд: "Дар тӯли қарнҳои миёна, яҳудиён ҳамчунон занони худро бо либосҳои фохир меоростанд, лекин ба онҳо иҷозат намедоданд, ки бо сари урён ба миёни мардум раванд. Напӯшондани мӯи сар, хилоф буд ба ҳадде ки занеро, ки чунин мекард, шоистаи талоқ месохт. Аз ҷумлаи таълимҳои шаръӣ, яке он буд, ки марди яҳудӣ набояд дар ҳузури зане, ки мӯи сараш намоён аст, дасти дуо ба даргоҳи Худо бардорад”.[2] Дурант дар тавсифи занони яҳудӣ мегӯяд: "Зиндагии ҷинсии онон, алорағми чандзанагӣ, ба тарзи шоёни таваҷҷӯҳ, муназзаҳ аз хатоҳо буд. Занони онон дӯшизагоне муҳаҷҷаба, ҳамсароне талошгар, модароне пурзо ва амин буданд ва аз он ҷо ки зуд васлат мекарданд, фаҳшо ба ҳадди ақал тахфиф пайдо мекард”.[3] Дар китоби муқаддаси яҳудиён мавориди зиёде ёфт мешавад, ки ба таври сареҳ ва ё зимнӣ, ҳиҷобу пӯшиши зану масъалаҳои вобаста ба он, мавриди таъйид қарор гирифтааст. Дар баъзе аз онҳо лафзи "чодар” ва "барқаъ” ба кор рафтааст, ки нишонгари кайфияти пӯшиши занони он аср аст. Инак, ба порае аз он маворид ишора мегардад: Пӯшиши комил дар муқобили номаҳрам Дар "Сифри пайдоиш”-и Таврот чунин мехонем: "Ва Рифқа чашмони худро баланд кард ва Исҳоқро дид ва аз шутури худ фуруд омад. Зеро ки аз ходим пурсид: "Ин мард кист, ки дар саҳро ба истиқболи мо меояд?”. Ва ходим гуфт: "Сарвари ман аст”. Пас бурқаи худро гирифта, худро пӯшонид».[4] Монанд набудани мард ва зан ба якдигар Дар "Таврот” омадааст: "Матои мард бар зан раво набошад ва мард либоси зан напӯшад, зеро ҳар кӣ ин кунад, макрӯҳи Яҳва (Худои ту) аст”.[5] Нузули азоб дар асари ороиши духтарони яҳуд барои бегонагон Дар "Таврот” мехонем: "Ва Худованд мегӯяд: аз ин ҷиҳат, ки духтарони саҳюн мутакаббиранд ва бо гардани афрошта ва ғамзаҳои чашм роҳ мераванд ва ба ноз мехароманд ва ба поҳои худ халхолҳоро ба садо меоваранд, бинобар ин Худованд фарқи сари духтарони саҳюнро кал хоҳад кард ва Худованд аврати онҳоро бараҳна хоҳад намуд. Ва дар он рӯз Худованд зинати халхолҳо ва пешонибандҳо ва ҳилоҳоро дур хоҳад кард. Ва гӯшвораҳо ва дастбандҳо ва рӯбандҳо. Ва ридоҳо ва шолҳо ва кисаҳоро. Ва оинаҳо ва китобҳои нозук ва дасторҳо ва бурқаъҳоро. Ва воқеъ мешавад, ки ба ивази атриёт уфунат хоҳад шуд ва ба ивази камарбанд ресмон ва ба ивази мӯҳои бофта, каллӣ ва ба ивази синабанд, зуннори пилос ва ба ивази зебоӣ сӯхтагӣ хоҳад буд. Мардонат ба шамшер ва шуҷоонат дар ҷанг хоҳанд афтод. Ва дарвозаҳои вай, нолаву мотам хоҳанд кард ва ӯ харобшуда, бар замин хоҳад нишаст”.[6] Дар тӯли қарнҳои миёна, яҳудиён ҳамчунон занони худро бо либосҳои фохир меоростанд, лекин ба онҳо иҷозат намедоданд, ки бо сари урён ба миёни мардум раванд. Напӯшондани мӯи сар, хилоф буд ба ҳадде ки занеро, ки чунин мекард, шоистаи талоқ месохт. Дар Таврот, аз чодар ва бурқаъ ва рӯбандаке, ки занон бо он сару рӯ ва андоми худро мепӯшондаанд, сареҳан ном бурда шудааст, ки нишонгари кайфияти пӯшиши занон аст. Барои намуна, дар китоби "Рут” мехонем: "Бӯиз гуфт: зинҳор касе нафаҳмад, ки ин зан ба хирман омадааст. Ва гуфт: чодаре, ки бар туст, биёвар ва бигир. Пас онро бигрифт ва ӯ шаш кело ҷав паймуда, бар вай гузорид ва ба шаҳр рафт”.[7] Дар мавриди арӯси яҳудо мехонем: "Пас рахти бевагиро аз хештан берун кард. Бурқаеро ба рӯ кашид ва худро дар чодуре пӯшид ва ба дарвозаи Айноим, ки дар роҳи Тимна аст, биншаст”.[8] Лузуми пӯшондани сар аз номаҳрамон Вил Дурант менависад: Агар зане ба нақзи қонуни яҳуд мепардохт, чунон ки масалан бе он ки чизе бар сар дошт, ба миёни мардум мерафт ва ё дар гузаргоҳи ом ресмон мебофт ё бар ҳар синхе аз мардон дарди дил мекард, ё садояш он қадар баланд буд, ки чун дар хонааш сухан мегуфт, ҳамсоягонаш метавонистанд суханони ӯро бишнаванд, дар он сурат мард ҳад дошт бидуни пардохти маҳрия, ӯро талоқ диҳад.[9] Ӯ ҳамчунин менависад: «Ва ба истеъмоли сархоб ва сурма, накӯҳида мешумурданд. Мувофиқ буданд, ки мард бояд барои пӯшоки зани худ саховатмандона харҷ кунад, лекин ғараз он буд, ки зани худро барои шавҳари худ биёроянд, на барои мардони дигар».[10] Дар китоби "Ҳикматул ҳиҷоб ва адиллату вуҷубин ниқоб” барои таъйиди ин ки маншаи ҳиҷоби занони яҳудӣ, вуҷуби ҳиҷоб дар шариати Мӯсо (а) буда, ба достони ҳазрати Мӯсо ва духтарони Шуайб ишора шудааст, ки дар он, ҳазрати Мӯсо ба онон амр кард, то пушти сари ӯ ҳаракат карда ва аз пушти сар, ӯро ба манзили падарашон роҳнамоӣ кунанд.[11]
 
Ҳиҷоб дар масеҳият
 
Ҳамон тавр ки ишора шуд, адёни илоҳӣ ба хотири таносубашон бо фитрат ва аҳкоми куллӣ, ҷиҳат ва шеваи ягонае доранд. Дар масеҳият, монанди дини зартушт ва яҳуд, ҳиҷоби занон амре воҷиб ба шумор меомадааст. Ҷорҷ Зайдон, донишманди масеҳӣ дар ин бора мегӯяд: "Агар мақсуд аз ҳиҷоб, пӯшонидани тану бадан аст, ин вазъият пеш аз Ислом ва ҳатто пеш аз зуҳури дини Масеҳ, одат будааст ва осори он ҳанӯз дар худи Аврупо боқӣ мондааст”. Масеҳият на танҳо аҳкоми шариати яҳуд дар мавриди ҳиҷоби занонро тағйир надода ва қонунҳои шадиди онро истимрор бахшидааст, балки дар баъзе маворид, қадамро фаротар ниҳода ва бо таъкиди бештаре, вуҷуби ҳиҷобро матраҳ сохтааст. Зеро дар шариати яҳуд, ташкили хонавода ва издивоҷ амре муқаддас маҳсуб мешуд ва ҳатто дар китоби "Таърихи тамаддун” омадааст, ки: "издивоҷ дар синни бистсолагӣ маҷбурӣ буд”, аммо аз дидгоҳи масеҳият, ки муҷаррад будан муқаддас шумурда шудааст, ҷои ҳеҷ шубҳае боқӣ нахоҳад монд, ки барои аз байн рафтани таҳрику таҳйиҷ, ин мактаб занонро ба риояти пӯшиши комил ва дурӣ аз ороишу зебоӣ, ба сурати шадидтаре фаро хондааст. Дар ин робита, нигоҳе ба "Инҷил” меандозем: "Ва занон низ дар сару либоси шоиста маҳҷубона ва бо исмат бошанд ва худро на бо мўйбофӣ, на бо тилло, на бо марворид ва на бо либосҳои гаронбаҳо оро диҳанд. Балки бо аъмоли нек, чунон ки ба занони парҳезгор муносиб аст”.[1] "Ҳамчунин шумо, эй занон, ба шавҳарони худ итоат намоед, то ки агар баъзе аз онҳо мутеи калом набошанд, ба воситаи рафтори занон бе калом тобеъ гарданд. Вақте ки рафтори поки худотарсонаи шуморо мушоҳида кунанд. Бигзор зебоии шумо на ороиши зоҳирӣ: гесў бофтан, зевари тилло бастан ё либосҳои зебо пўшидан. Балки одамияти ботинии самимӣ дар рўҳи ҳалиму сокити бефано бошад, ки ин дар назари Худо гаронбаҳост. Чунин ки як вақте занони муқаддас низ худро бо умед бастан ба Худо оро медоданд ва мутеи шавҳарони худ буданд. Ба монанди Соро, ки ба Иброҳим итоат намуда ўро оғо меномид”.[2] Масеҳият на танҳо аҳкоми шариати яҳуд дар мавриди ҳиҷоби занонро тағйир надода ва қонунҳои шадиди онро истимрор бахшидаанд, балки дар баъзе маворид қадамро фаротар ниҳода ва бо таъкиди бештаре вуҷуди ҳиҷобро матраҳ сохтааст. Ҳамчунин дар бораи виқор ва амин будани зан мехонем: "Ҳамчунин занонашон бояд ҳалолкор бошанд, на ғайбаткунанда, балки ҳушёр ва низ аз ҳар ҷиҳат мўътамад”.[3] Дар ривояти мо низ чунин омадааст: "Ҳазрати Исо фармуд: Аз нигоҳ кардан ба занон бипарҳезед, зеро шаҳватро дар қалб мерӯёнад ва ҳамин барои эҷоди фитна дар шахси нигоҳкунанда кофӣ аст”.[4] Ҳаввориён ва пас аз онҳо попҳо ва кардиналҳои бузург, ки дастурҳои динии онон аз тарафи калисо ва мазҳаби масеҳият лозимулиҷро шумурда мешуд, бо шиддати ҳар чи тамомтар занонро ба пӯшиши комил ва дурӣ аз ороишҳои ҷисмӣ фаро мехондаанд. Доктор Ҳакимии Илоҳӣ, устоди донишгоҳи Лондон дар китоби "Зан ва озодӣ”, пас аз ташреҳи вазъияти зан назди аврупоиён, дар мавриди ҳукми пӯшиш ва ҳиҷоби зан назди масеҳият, ақоиди Келмант ва Тартулион (ду марҷаи масеҳият ва ду усқуфи бузург)-ро дар бораи ҳиҷоб бозгӯ мекунад: "Зан бояд комилан дар ҳиҷоб ва пӯшида бошад, магар он ки дар хонаи худ бошад, зеро фақат либосе, ки ӯро мепӯшонад, метавонад аз хира шудани чашмҳо ба сӯи ӯ монеъ гардад. Зан набояд чеҳраи худро урён нишон диҳад, то дигареро бо нигоҳ кардан ба чеҳрааш маҷбур ба гуноҳ намояд. Барои зани мӯъминаи исавӣ, дар назари Худованд писандида нест, ки назди бегонагон ба зевар ороста гардад ва ҳатто зебоии табиии он низ бояд пинҳон гардад, зеро барои бинандагон хатарнок аст”.[5] Тасвирҳои вобаста ба занони масеҳӣ, ки дар китобҳояшон меоваранд, худ нишон медиҳад, ки ҳамагии онҳо либосҳои дароз ва сарпӯш доштаанд.[6]
 
Ҳиҷоб дар шариати Ислом
 
Ишора: Аз баррасӣ ва муқоисаи ҳадду кайфияти ҳиҷоб дар адёни чаҳоргона ба даст меояд, ки ҳиҷоб дар адёни дигар, нисбат ба Ислом аз шиддати бештаре бархӯрдор будааст. Ин силсиламақолот ба баррасии татбиқии ҳиҷоб дар адёни мухталиф мепардозад. Ва аммо дар шариати ислом... Ислом, ки охирин оини илоҳӣ ва табиатан комилтарин дин аст ва барои ҳамеша ва ҳамаи башарият аз тарафи Худованди олим нозил шудааст, либосро "ҳадяи илоҳӣ” муаррифӣ намуда ва вуҷуби пӯшиши занонро бо таъдил ва интизоми муносибе ба ҷомеаи башарӣ арзонӣ доштааст. Аз инҳирофот ва ё ифроту тафритҳое, ки перомуни пӯшиши занон вуҷуд доштааст, иҷтиноб намуда, дар ташреҳи қонун ҳадду марзе мутаносиб бо ғаризаҳои инсониро дар назар гирифтааст. Дар ҳиҷоби исломӣ, саҳлангориҳои зараровар ва сахтгириҳои бемаврид вуҷуд надорад. Ҳиҷоби исломӣ он гуна ки Ғарб таблиғ мекнуад, ба маънои ҳабси зан дар хона ё парданишинӣ ва дурӣ аз ширкат дар масоили иҷтимоӣ нест, балки ба ин маъност, ки зан дар муоширати худ бо мардони бегона, мӯи сар ва андоми худро бипӯшонад ва ба ҷилвагарӣ ва худнамоӣ напардозад. Бо таваҷҷӯҳ ба ғаризаи қудратманди ҷинсӣ, аҳком ва дастурҳои Ислом, тадбирҳое аст, ки Худованд барои мӯътадил ва ром кардан ва ҳамчунин ирзои саҳеҳи ин ғариза, ташреҳ намудааст. Ҳиҷоб дар Қуръони карим: Дар Қуръони Карим оятҳое чанд ба таври сареҳ дар мавриди вуҷуби ҳиҷоб ва ҳадду кайфияти он нозил шудааст. Дар сураи Нур, тайи ояти муфассале омадааст: "...ва ба мардони мӯъмин бигӯ, ки чашмҳои худро фурӯ пӯшанд ва низ домони худро, ки барои онҳо покизатар аст. Ҳамоно Худованд ба он чи анҷом медиҳанд, огоҳ аст. Ва ба занони боимон бигӯ, чашмони худро фурӯ пӯшанд ва авратҳои худро аз нигоҳи дигарон пӯшида нигоҳ доранд ва зинатҳои худро ҷуз он миқдоре, ки зоҳир аст, намоён накунанд ва зинатҳои худро ошкор насозанд, магар барои шавҳаронашон, падаронашон, падари шавҳаронашон, писарони ҳамсаронашон, бародаронашон, писари бародаронашон, занони ҳамкешашон, канизонашон, мардони сафеҳе, ки тамоюле ба занон надоранд, ва ё кӯдаконе, ки аз умури ҷинсӣ бехабаранд (ғайри мумаййиз). Ва пойҳои худро бар замин накӯбанд, то зинатҳои пинҳонашон ошкор шавад. Ва ҳамагӣ ба сӯи Худованд бозгардед, эй мӯъминон! Бошад, ки растгор шавед”.[1] Ҳамчунин дар сураи Аҳзоб омадааст: "Эй Паёмбар! Ба ҳамсарон ва духтарони худ ва занони боимон бигӯ, ки рӯпӯши худро баргиранд, то ба ифоф ва ҳуррият шинохта шаванд ва мавриди озору тааррузи ҳавасронон қарор нагиранд ва Худованд омурзанда ва меҳрубон аст”.[2] "Эй занони Паёмбар! Шумо агар тақво дошта бошед, монанди дигарон нестед, бинобар ин, ҳаргиз нарму нозук бо мардон сухан магӯед, то он касе ки дилаш бемор аст, ба тамаъ афтад. Балки матин ва некӯ сухан бигӯед ва хонаро манзилгоҳи худ қарор диҳед ва ҳаргиз монанди давраи ҷоҳилияти нахсутин (барои номаҳрамон) ороиш ва худороӣ накунед ва намозро барпо доред ва закотро бипардозед ва аз Худо ва Расулаш итоат намоед”.[3] Ҳиҷоб дар ривоёт: Паёмбари гиромии Ислом (с), илова бар таъкидоте, ки бар риояти ҳиҷоб доштаанд, бо нишон додани дастуруламалҳое, ҷомеаи исломиро ба сӯи таҳзибу покӣ раҳнамун гаштаанд, ки дар ин қисмат баъзе аз онҳоро нақл мекунем. Парҳез аз пӯшиши баданнамо ва нозук: Рӯзе Асмоъ – ки хоҳарзани Паёмбар (с) буд – бо ҷомаи баданнамо ва нозуке ба хонаи Паёмбар (с) омад. Паёмбар (с) рӯи худро аз ӯ баргардонд ва фармуд: Эй Асмоъ! Зан вақте ба ҳадди булуғ расид, набояд ҷое аз бадану андомаш дида шавад, магар чеҳра ва дастҳо”.[4] Наҳй аз ороиш ва истеъмоли атр дар хориҷ аз хона: Паёмбар дар ҳадисе наҳй фармуданд аз ин ки зан барои дигарон худро ороиш диҳад. Фармуданд: "Агар барои ғайри шавҳар худро ороиш намуд, лозим аст Худованд ӯро бо оташ бисӯзонад”.[5] Парҳези занон аз шабеҳ сохтани худ ба мардон: Паёмбар (с) фармуданд: "Худованд мардонеро, ки шабеҳи зан мешаванд ва занонеро, ки худро шабеҳи мард қарор медиҳанд, нафрин кардааст”.[6] Дар ҳадисе омадааст: "Ҷоиз нест, ки зан худро шабеҳи мард намояд, зеро Паёмбар (с) мардонеро, ки шабеҳи занон мешаванд ва ҳамчунин заноне, ки худро шабеҳи мардҳо қарор медиҳанд, нафрин кардааст”.[7] Дар Қуръон ва ривоёт, илова бар дастурҳое, ки дар мавриди ҳифзи ҳиҷоби занон омадааст, масъулиятҳое низ ба мардон вогузор шудааст, ки ба онҳо ишора мегардад: Иффат нисбат ба занони мардум: Паёмбар (с) фармуданд: "Нисбат ба занони мардум боиффат бошед, то занони шумо боиффат бимонанд”.[8] Дурӣ аз чашмчаронӣ Дар ривояте омадааст: "Чашмчаронӣ тирест заҳрнок аз тирҳои шайтон. Басо нигоҳе, ки ҳасратҳои дуру дарозеро дар пай дорад”.[9] Дар нигоҳи фақеҳон ва донишмандони мусалмон: Ҳамон тавр ки ишора шуд, ҳиҷоб, аз заруриёти дини Ислом аст ва тамоми мазоҳиби исломӣ онро воҷиб медонанд ва дар ин ки занон бояд ҳангоми адои намоз ва дар ҳузури мардони бегона, мӯи сар ва тамоми андоми худро ба ғайр аз чеҳра ва дастҳо (панҷаи дастҳо) бипӯшонанд, иттифоқи назар доранд. Дар мавриди ҳудуди ҳиҷоби исломӣ уламо мегўянд: "Воҷиб аст тамоми бадани зан ба ғайр аз чеҳра ва дастҳо то муч, аз номаҳрам пӯшида шавад ва ҳар либосе, агар миқдори воҷибро бипӯшонад, монее надорад, вале аз пўшидани либосҳое, ки таваҷҷӯҳи номаҳрамро ҷалб кунад, бояд иҷтиноб шавад”.[10] Баррасии ниҳоӣ: Аз баррасӣ ва муқоисаи ҳадду кайфияти ҳиҷоб дар динҳои чаҳоргона ба даст меояд, ки ҳиҷоб дар динҳои дигар, нисбат ба дини Ислом, аз шиддати бештаре бархӯрдор будааст. Ба таври мисол: - чодур ва сарпӯш, аз аркони ахлоқии масеҳиён ва яҳудиён маҳсуб мешудааст, дар ҳоле ки бинобар назари аксари фақеҳони исломӣ, пӯшондани чеҳра воҷиб нест; - лузуми канорагирии комили зан дар ҳайз дар оини зартушт; - муҳиқ донистани мард дар талоқи зане, ки садояш дар кӯча шунида мешавад бидуни пардохти маҳрия аз тарафи дини яҳуд; - рукн будани чодур ва сарпӯш ва зикри номи он ду ба таври сареҳ дар китобҳои муқаддаси масеҳиён ва вуҷуби сукути зан назди бегона ва дар калисо аз тарафи масеҳият... беҳтарин гувоҳ бар ин матлаб аст. Бинобар ин, на танҳо дини Ислом, возеи қонуни ҳиҷоб набудааст, балки дар ҷиҳати пешгирӣ аз ифроту тафритҳое, ки дар тӯли таърих дар мавриди ҳиҷоб ба вуҷуд омада буд, ба қонунманд кардан ва танзими он ҳиммат гумоштааст ва онро ба сурате мӯътадил, саҳеҳ ва мутаносиб бо фитрати инсонии зан ва ғайратмандии мард ироа намудааст.
Просмотров: 2048 | Добавил: ngo
Наши партнеры
 
  
  

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Наши партнеры
  • АФОКП        
  • Лучшие сайты Рунета
  • Кулинарные рецепты

  • Shuhrat Latifov

    Создайте свою визитку
    Copyright Shuhrat Latifov © 2024Сделать бесплатный сайт с uCoz