ОНЛАЙН РЕЗЮМЕ ЛАТИФОВ ШУХРАТ Якшанбе, 05.05.2024, 19:26
Приветствую Вас Гость | RSS

Меню сайта

Календарь
«  Май 2011  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031

Главная » 2011 » Май » 3 » Мусохиба бо Манижа Хаитова
12:31
Мусохиба бо Манижа Хаитова

 Хавфи бемориҳои рӯҳию ВИЧ/СПИД

Самти аз ҳама муҳим ва пуртаваҷҷӯҳ дар ҷомеаи шаҳрвандӣ вазъи саломатии мардум аст. Зеро, чун тан сиҳат набошад, кор намешавад ва агар кор набошад, пешравӣ нест. Ба хотири таҳлили ин самт ва сабукӣ овардан ба мардуми кишвар ташкилотҳову созмонҳое ташкил шудаанд, ки то имрӯз фаъолият мебаранд. Бахусус барои мубориза бо бемориҳои рӯҳӣ ва ВИЧ/СПИД таваҷҷӯҳи бештар мушоҳида мешавад. Аммо ҳанӯз ҳам фоизи беши аҳолӣ усулҳои мубориза бо бемориро дарк накардаанд ва то ҳол раванди «рӯҳкасалкунӣ»-и худ идома дорад.

Фикр мекунем, ки дар ин маврид суолҳои посухталаб зиёданд. Аз ҳамин хотир, Оҷонсии иттилоотии TojNews тасмим гирифт нишасти виртуалиеро бо роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази саломатии рӯҳӣ ва ВИЧ/СПИД» Манижа Ҳаитова баргузор намояд.

 

Имлои муаллифони суолҳо тағйир дода нашудааст

#1 Иброн 28.04.2011 03:35

Бештари табибон ба ин назаранд, ки ин бемори табобат нашаванда аст. баъзехо мегуянд, ки хангоми буса кардан низ мегузарад, баъзеи дигар бошад инро инкор мекунад - аниктараш ба як хулосаи амик наомадаанд. Оё то имруз хастанд нафароне, ки аз ин мараз шифо ёфта бошанд?

- Табобати пурра дар таҷрибаи ҷаҳонӣ дида нашудааст. ВИЧ/СПИД бемории хроникӣ аст ва доруҳои махсус умри инсонро дароз мекунадe ба онҳо имкон медиҳад, ки зиндагонияшонро ба пуррагӣ ва сифати хуб гузаронанд. Ин доруҳо (АРВ терапия) пурра аз ВИЧ озод намекунанд, аммо шахсоне, ки ин доруҳоро истеъмол менамоянд, то 20-30 сол зиндагӣ мекунанд. Худованди бузургу меҳрубон ба ҳар нафар ин қадар умр диҳад, шукр. Зеро намедонем, ки пагоҳ чӣ мешавад.

Ин вирус ба узви инсон танҳо бо се роҳ ворид мешавад:

1. Бо роҳи тазриқӣ (бо сӯзандоруҳои тамъизношуда, аксарият дар байни нашъамандон) ва бо хунгузаронӣ дар беморхонаҳо (агар хун дар таркибаш ВИЧ доштабошад).

2. Ҳангоми алоқаи ҷинсии бе рифола бо шахсе, ки аллакай гирифтори ВИЧ аст.

3. Аз модар ба кӯдак (ҳангоми ҳомиладорӣ, ё таваллудкунӣ, ё ширмаконӣ).

Афсӯс, ки на ҳама табибон инро дуруст медонанд.

Ҳангоми бӯса кардан, оғӯш гирифтан, либоси умумӣ, зарфҳои умумӣ ва ҷои хоби умумӣ доштан ВИЧ ҳеҷ гоҳ намегузарад!

Аз Шумо хоҳиш дорам, ин бемориро мараз ном нагузоред, ҳатто ки ба иззати нафси шахсони гирифтори ин беморӣ нарасед.

#2 Салим 28.04.2011 03:37

Овозахо аст, ки бар асари стигма ё доггузори бисёре аз беморони ВИЧ ба худкуши даст мезананд.Ин андеша то кучо дуруст аст?

- Мӯҳтарам Салим! Ташаккур барои савол. Дар ҳақиқат дар байни шахсони гирифтори ВИЧ худкушӣ дида мешавад. Ташкилоти мо ҳар сол ба зиёда аз 360 нафар шахсони гирифтори ВИЧ хизматрасонӣ менамояд ва мо гуфта метавонем, ки аз нисф зиёди ин шахсон ақаллан як маротиба дар зиндагӣ бо ВИЧ фикри худкуширо доштанд (аз рӯи маълумоти равоншиноси марказ). Якчанд ҳолати худкушӣ дар байни гирифторони ВИЧ қайд шудааст, вале хушбахтона ба онҳо сари вақт ёрӣ расонида шудааст.

#3 Завкибек 28.04.2011 04:17

Аввалан Худованд шуморо хидоят кунад, чун русарии шуморо дидам бисёр хушам омад. Баъдан тибки иттилои расми шумораи нафароне, ки гирифтори бемории ВИЧ/СПИД хастанд дар Точикистон ба маротиб аз шуморае, ки созмонхои беруна даъво мекунанд, камтар аст. Ва ин созмону ширкатхои хоричи барои он ин намудаи беморонро дар Точикистон бисёр нишон додан мехоханд, ки аз "хочагонашон" маблагхои бештар барои онхо чудо гардад. Шумо дар ин маврид чи назар доред? Оё дар хакикат вазъ дар Точикистон нигаронкунанда аст?

haitova- Мӯҳтарам Завқибек! Ташаккур барои савол. Аз рӯи қайди расмӣ, дар Тоҷикистон шумораи гирифторони ВИЧ тақрибан ба 3000 расидааст. Лекин дар ҳақиқат ин шумораи аниқ ва пурра нест. Барои ҳар як давлат коэффисиенти махсуси худ муайян шудааст. Ба ин коэффисиент шумораи расмиро зарб зада, миқдори баҳодиҳандаро мебароранд (дар бораи он шумо ҳарф задед). Ин коэффисиент аз омилҳои гуногун вобастагӣ дорад.

Дар ҳақиқат на ҳар як шахс дар бораи гирифтории ВИЧи худ хабар дорад. Иҷозат диҳед ба шумо ва хонандагони дигар савол диҳам. Шумо кай аз ташхиси ВИЧ гузаштаед ва умуман гузаштает ё на? Ҳамин гуна аксарияти сокинони давлатҳои гуногун аз ташхис намегузаранд ва ба ташхисгузарӣ аҳамият намедиҳанд ва тасодуфан дар онҳо гирифтории ВИЧ-ро мефаҳманд.

Ҳамин тавр, дар Тоҷикистон расман 3000 нафари гирифтори ВИЧ қайд шудааст. Экспертҳои байналмилалӣ аз 10000 то 16000/20000-ро ҳисоб менамоянд. Фикри шахсии ман он аст, ки дар Тоҷикистон тақрибан 6000-9000 нафар гирифторони ВИЧ вуҷуд доранд. Аммо сол то сол ҳолат бад шуда истодааст. Аз он сабаб, ки шумораи занон ва кӯдакони гирифтори ВИЧ дар Тоҷикистон зиёд шуда истодааст. Дар ин бора мо бояд ҳама ҷиддӣ фикр кунем!

#4 Пурдил аз Рогун 28.04.2011 04:23

Оё дар байни бемороне, ки ба шумо мурочиат мекунанд, нафарони "ситора" хам хастанд? Чунки тибки баъзе овозахо, дар байни сарояндагон ва раккосахои точик низ чунин нафарон хастанд?

- Мӯҳтарам Пурдил! Ташаккур барои савол. Паҳн кардани маълумот нисбати шахси гирифтори ВИЧ аз рӯи Қонуни ҶТ «Оид ба ВИЧ/СПИД» рафтори ҷиноятӣ ҳисоб карда мешавад. ВИЧ бемориест, ки «ситора» ва «носитора» наздаш бетафовут аст. Яъне мумкин аст ҳар нафар ба он гирифтор афтад. Танҳо нафаре метавонад худашро аз ВИЧ эмин дорад, ки маълумот дорад ва худашро эҳтиёт мекунад.

#5 Хуршед 28.04.2011 04:38

Рузномаи ИмрузNews дар шуморахои №№23(97)-24(98) аз 4-7 феврали соли 2011 тахти унвони "Бемори чи гуна бизнес мешавад?" матлабе нашр карда, дуруг будани мавчудияти ин "вирус"-ро гуфт. Тибки навиштаи ин рузнома, бо бахонаи мубориза бо СПИД ширкатхои доруистехсолкун и солона миллиардхо доллар фоида ба даст меоранд. Чаро аз масъулини мубориза бо СПИД дар Точикистон касе ба он посух надод? Хомуши маънои ризоятро дорад?

- Мӯҳтарам Хуршед! Ташаккур барои савол. Дар матбуот вақтҳои охир ин гуна маълумотҳо зиёд шудаанд. Шахсони масъул ин гуна ахборро шарҳ намедиҳанд.

Чун мо бо шахсони гирифтори ВИЧ ҳар рӯз кор мебарем, дар узви онҳо ВИЧ ва ҳуҷайраҳои мубориз кашф шуда, исбот шудааст. Дар ҷаҳон 33 миллион шахсони гирифтори ВИЧ, дар Тоҷикистон қариб 3000 расман. ВИЧ дар организми онҳо бо ташхисҳои гуногун тасдиқ шудааст. Ҳолати бемории онҳоро мо ҳар рӯз бо чашми худ мебинем ва мутахассисоне, ки ҳар рӯз бо онҳо кор мекунанд, ҳолаташонро хуб мефаҳманд.

Ғайр аз он, мо мебинем, ки онҳо на танҳо бо ВИЧ зиндагонӣ мекунанд, онҳо аз СПИД (марҳилаи охирини ВИЧ) мемиранд. Инро исбот кардан лозим нест, ин исбот шудааст ва исботи илмӣ.

Вирус ҳаст, сохт ва шакли он муайян аст ва зери микроскопҳо дида мешавад. Баҳсу мунозира барои намояндагони матбуоти зард лозим аст. Маслиҳат медиҳам, ки барои дарёфти ҷавобҳои худ дар ин соҳа матбуоти салоҳиятдорро исифода баред.

#6 Муйсафед, рохгузар 29.04.2011 00:49

Салом духтараки хушруй! Хами мегум дар Маркази пешгирии бемории СПИД кор мени? Хами соли гзашта буд, чор шогирди журналист дорум дар озмунтон иштирок карданд. Бечорахо маълумот чамъ карданд, маколахои хуб навиштан. Лекин баъде мебинем чор тухфаи пансумара доданшонаю бо дар ягон чой хисобот надоданд, ки кадом журналист чойи чандум ва чи тухфа гирифт. Суоли ман хамин, ки хисобота дар "боло"-тон чихели нишон метен??? Як суоли дигарм, ки ба фикри Шумо байни мактаббачахо ва донишчухо таксим кардани презерватив бо хамрохи маълумотнома дар бораи чи гуна истифода бурдануш пешгирии беморияй? Худут аз симот маълумай ки дхтари хуби. Охи фикр ку, ба духтар додани презерватив шармандаги нестай? Баъд бген ки рухан чи хели дастгиришон мекне?

(Бахшиш агар ба изати нафстон расида бошум)!

- Мӯҳтарам Муйсафед, роҳгузар! Ташаккур барои савол. Гуфта гузарам, ки ташкилоти мо "Маркази саломатии рӯҳӣ ва ВИЧ/СПИД" ном дорад ва ягона ташкилоти ҷамъиятиест, ки (дар давлатҳои собиқ Шӯравӣ) дар ҳудуди худ Маркази тиббӣ кушодааст. Мо на танҳо ба шахсони гирифтори ВИЧ кӯмак мерасонем, балки ба ҳамаи шахсони мӯҳтоҷ.

Саволи худро нисбати озмуни журналистон метавонед ба роҳбари Маркази чумҳуриявии пешгирии ВИЧ/СПИД Муродалӣ Рӯзиев диҳед (имейли ӯ aidscenter.tj@gmail.com). Ин озмунро Маркази ҷумҳуриявӣ гузаронида буд.

Дар мавриди саволе, ки нисбати тақсимоти рифолаҳо пурсон шудаед. Ташкилоти мо ҳеҷ гоҳ рифола тақсим накардааст ва нахоҳад кард. Тақсими рифола дар мактабҳо ва дигар ҷойҳо усули натиҷанок нест ва нодуруст истифода бурдани маблағҳоро нишон медиҳад. Лекин маълумот оид ба дуруст истифода бурдани рифоларо мардум бояд омӯзанд! Лекин духтарон алоҳида ва писарон алоҳида.

Ҳамчун шахси мусалмон (алҳамдулиллоҳ) гуфтаниам, ки муносибати шаҳвонӣ танҳо бо розигии Худованди бузургу меҳрубон (никоҳ) бояд бошад. Лекин ҳақиқати ҳол дигар аст...

Дар байни шахсони гирифтори ВИЧ 577 нафар занонанд, ки аксарияти онҳо аз шавҳарони худ гирифтори ин беморӣ шудаанд. Онҳо занони хонашини тоҷик мебошанд, занони муҳоҷирони корӣ ва занони шахсони нашъаманд. Онҳо дар натиҷаи истифода набурдани рифола гирифтори ВИЧ шудаанд. Мардҳои муҳоҷир вақте аз Русия ва Қазоқистон бармегарданд, агар дар он ҷо гирифтори ВИЧ шуда бошанд, занони худро гирифтори ВИЧ мекунанд. Агар онҳо рифоларо истифода мебурданд, аксарияти занҳо ҳозир солим мебуданд. Афсӯс, ки ҳозир ин занҳо аллакай кӯдакони гирифтори ВИЧ ба дунё оварда истодаанд. Мушкилот танҳо дар он аст, ки онҳо рифоларо дар вақташ истифода набурданд.

Ба шахсони гирифтори мушкилиҳои рӯҳӣ мо хизматрасонии зеринро пешниҳод менамоем:

- Машварат ва ёрии равонӣ, тиббӣ ва иҷтимоӣ мерасонем.

- Ба ҳамаи шахсони гирифтори ВИЧ хизматрасониии тиббии ройгон мерасонем.

#7 Фозил 29.04.2011 01:45

Салом мухтарама Хайитова! Лутфан мегуфтед, ки кадоме аз ин беморихо одамро зуд логар мекунанд: бемории рухи ё СПИД? Ва агар бемореро назди Шумо оранд, ки рухаш ба дурихои дур парвоз карда бошад, Шумо бо кадом усул метавонед онро ба чояш баргардонед, яъне бемори рухиро табобат кунед?

- Мӯҳтарам Фозил! Ташаккур барои савол. ВИЧ/СПИД - ин бемории сироятӣ буда, бо вируси норасоии масунияти одам барангезонида мешавад. Ин вирус ба узви инсон бо се роҳ медарояд:

- Тазриқӣ (бо сӯзандоруҳои тамъизношуда, аксарият дар байни нашъамандон).

- Ҳангоми алоқаи ҷинсии бе рифола бо шахси гирифтори ВИЧ.

- Аз модар ба кӯдак (ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллудкунӣ ва ширмаконӣ).

ВИЧ дар муддати дуру дароз дар узви инсон метавонад ҷойгир шавад, лекин худи шахс аз ин метавонад огоҳ набошад. Лоғаршавӣ танҳо дар марҳилаи СПИД дида мешавад, яъне дар марҳилаи охирини ВИЧ. Ҳангоми бемориҳои рӯҳӣ ҳам лоғаршавӣ дар марҳилаҳои охирин ва вазнин дида мешавад. Лекин муҳимаш он аст, ки умуман дар ҳар як беморӣ лоғаршавӣ аз ғизои хуб ва нигоҳубини дуруст вобастагӣ дорад. Яъне ҳангоми хуб будани ғизо ва нигоҳубини хуб шахс метавонад дар муддати дуру дароз ҳаёти пурмазмун барад.

Маркази мо бо табобати бемориҳои рӯҳӣ машғул нест. Бо ин бемориҳо марказҳои махсуси давлатӣ машғул ҳастанд. Маркази мо, ки ташкилоти ҷамъиятӣ мебошад, асосан бо мушкилиҳои равонии (проблемаҳои психологии вактаина) машғул аст, ки дар байни шаҳрвандон дида мешавад. Ба мо бисёр шахсон бо бемориҳои рӯҳӣ муроҷиат мекунанд ва дар навбати худ мо онҳоро ба беморхонаҳои махсуси давлатӣ равон мекунему дар он ҷо аз тарафи пизишкони рӯҳшинос ҳолати онҳо баҳо дода мешавад. Яъне ин мушкилоти равонӣ аст ё ин ки бемории рӯҳӣ.

#8 sword 29.04.2011 02:02

салом ба хонуми зебо шумо ягон чора чуста метонед ё метавонед ба раиси чумхур пешниход кунед рости ман чанд маротиба пешниход кардам ба Парлумони кишвар дар масолили рохи хали хамин баноти зебоеки шабхо кучахои душанберо фаро гирифтаст холо сафи бозорхояшон хам зиёдшудааистода аст рости дахшат аст ин омили асоси вичспид аст чи метавонед карда?

haitova- Барои саволатон сипосгузорам. Аммо мақсади асосии Шумо чист? Ҳабс кардани шахсоне, ки танфурӯшӣ мекунанд? Вале қаблан бояд фикр кунем, ки барои чӣ дар ҷамъияти мо чунин шахсҳо пайдо шудаанд. Вақте дар оила духтарча таваллуд мешавад, дар аксарияти оилаҳо аз ин хабар хурсанд намешаванд ва бисёртар мардҳои оила ғамгинанд. Духтарак бо ҳиссиёте калон мешавад, ки ӯ дар оила лозим нест. Ҳолати иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ вазнин аст ва кӯдакон аз хурдсолӣ барои дастгирии оила маҷбуранд, ки кор кунанд. Агар писаракон пойафзол тоза кунанд, дар бозор аробакашӣ кунанд, мошин шӯянд... Духтаракон чӣ кор кунанд? Онҳо маҷбуранд ба роҳи танфурӯшӣ раванд. Интернатҳо аз кӯдакон пур аст. Баъди интернатҳо кӯдакон ба куҷо мераванд? Боз ҳам ба кӯча. Вақте мо оид ба танфурӯшӣ сӯҳбат мекунем, фақат занро дар назар дорем ва ӯро гунаҳкор мекунем. Лекин дар ҳамон кӯчаҳо шаб гузашта, дурусттар нигоҳ кунед, ки он занҳои фоҳишаро бо ин кор кӣ таъмин ва пуштибонӣ мекунад? Боз ҳам мардҳое, ки соҳиби ин нуқтаҳо ҳастанд ва аз занҳо маблағ ҷамъ менамоянд. Агар ҳамаи шахсони танфурӯшро ҳабс кунем, дигаронаш пайдо мешаванд.

Бигзор ҳар касе, ки ҳалли ин мушкилотро мехоҳад, ҳар касе, ки ба парлумон ва Президенти ҷумҳурӣ нома мефиристад, аввалан фикр карда, ба ин савол ҷавоб диҳад: «Шахсан ман барои нест кардани ин ҳолат чӣ кор кардам?».

Беҳтар аст, ки қувваҳоро муттаҳид карда, кӯшиш намоем, то ҷомеаи худро аз ҷиҳати иҷтимоӣ ва иқтисодӣ пешрафта созем. Барои духтарон ва оилаҳои камбизоат омӯзишҳо барои ёд гирифтани дӯзандагӣ ва пухтупаз ташкил карда, ба ин духтаракон мошинҳои дарздӯзи ё тафтон харида диҳем, то ин ки онҳо ҳунари ҳалоли худро савдо карда, рӯз баранд, на ин ки танфурӯшӣ кунанд.

#9 Нусратулло 29.04.2011 04:38

Салом ба бону Манижа ва кулли мухлисони сомонаи ТочНюс! Аввалан сипос мегуям барои вакт ёфтану ба сухбати мардуми точик розиги доданатон. Баъдан мехостам донам, ки Маркази Шумо дар чор мохи аввали имсол ба чанд нафар гирифторони бемории ВИЧ/СПИД кумак расонидааст ва бештар чи гуна кумак?

- Мӯҳтарам Нусратулло! Барои саволатон сипосгузорам. Маркази мо дар чор моҳи соли ҷорӣ ба зиёда аз 70 нафаре, ки гирифтори ВИЧ ҳастанд, кӯмак расонд. Аз он ҷумла, 11 кӯдаки навзоди занҳои гирифтори ВИЧ-ро маркази мо ҳар моҳ бо шири сунъӣ таъмин менамояд. Пизишки кӯдаконае, ки дар маркази мо фаъолият менамояд, ҳамаи кӯдакҳоро дар як моҳ 2 маротиба нигоҳ карда, барои ҳар яке дафтарҳои махсус гузошта, нигоҳубин менамояд. 23 зани гирифтори ВИЧ дар маркази тиббии мо аз УЗИ ва кольпоскопия гузаштанд ва инчунин машварати гинекологро дастрас намудаанд. 6-нафарӣ ҳар моҳ бо доруворӣ таъмин мешаванд. 31 шахси гирифтори ВИЧ машваратҳои равонӣ ва «баробарӣ» дастрас намуданд. Дар гурӯҳҳои кӯмакрасонӣ зиёда аз 20 нафар ҳар моҳ иштирок мекунанд. Барои 11 нафар зан мо ташхиси гепатит С гузаронидем. 1 нафар зан аз Маркази мо кӯмаки молӣ гирифта, бизнеси худро шурӯъ кард.

Ногуфта намонад, ки дар Маркази ва филиалҳои он 6 нафар занҳои гирифтори ВИЧ кор ва фаъолият менамоянд ва дар баробари мутахассисони тиб онҳо дар омӯзишҳои гуногун иштирок мекунанд. Онҳо копютерро аз худ карданд ва дар Интернет маколаҳои худро чоп мекунанд. Дар рӯзҳои наздик Маркази мо барои ташкил кардани 2 ташкилоти ҷамъиятии наве, ки аъзоҳояшон шахсони гирифтори ВИЧ ҳастанд, кӯмаки худро расонд. Дар ҳар як ташкилот зиёда аз 4-5 нафар кор ва фаъолияташонро барои паст кардани паҳншавии ВИЧ ва ёрӣ расонидан ба шахсони гирифтори ВИЧ пеш мебаранд. Барои 19 нафар либосҳои зимистона кӯмак карда шуд. Дар Рӯдакӣ, Ваҳдат, Ҳисор ва Қӯрғонтеппа занҳое, ки гирифтори ВИЧ ҳастанд, фаъолият карда, ба худ ва дигар занҳо ёрӣ мерасонанд.

#10 Синдбод 29.04.2011 20:48

Салом бонуи зебо! Аввал бигуед, ки як чанд вакт пеш, дар оинахои шахр Хунармандон дар бораи СПИД реклом мекарданд, оё инро Шумо пешниход карда будед? Дуюм- СПИД ба Точикистон кай омад ва онро кихо оварданд? СПИД- одамро дар чанд сол нобуд мекунад? Шумораи ба ин бемори гирифтор шуда ба чанд расидааст, яъне дар давоми як соли охир ин нишондиханда зиёд шудаистодааст ё ин нисбат ба солхои пешин кам шуд?

- Воалейкум бар салом Синдбод! Барои саволатон сипосгузорам. Барномаҳои зиёде ҳар рӯз таҳия мешавад. Он барнмаҳо аз тарафи ташкилотҳои гуногун барпо мегарданд. Махсусан ташкилои мо ин рекламаро пешниҳод накардааст. Агар дар ёди Шумо бошад, ду сол пеш реклама бо иштироки кӯдакон буд оид ба ВИЧ/СПИД. Он рекламаи ташкилоти мо буд.

СПИД ба Тоҷикистон соли 1991 омад.

Оид ба нобуд кардани ВИЧ/СПИД ман ба Шумо чизе гуфта наметавонам. Зеро ин аз сабабҳои зиёде вобастагӣ дорад. Дар ҷаҳон зиёда аз 33 миллион одамон бо ВИЧ зиндагӣ мекунанд. Шумораи шахсони гирифтори ВИЧ дар Тоҷикистон то январи соли 2011 2875 нафар ба қайд расид. Ҳозир дар мамлакати мо ва инчунин дар тамоми ҷаҳон шумораи шахсони гирифтори ВИЧ зиёд шуда истодааст.

Просмотров: 1900 | Добавил: ngo
Наши партнеры
 
  
  

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Наши партнеры
  • АФОКП        
  • Лучшие сайты Рунета
  • Кулинарные рецепты

  • Shuhrat Latifov

    Создайте свою визитку
    Copyright Shuhrat Latifov © 2024Сделать бесплатный сайт с uCoz