ОНЛАЙН РЕЗЮМЕ ЛАТИФОВ ШУХРАТ Шанбе, 27.04.2024, 05:47
Приветствую Вас Гость | RSS

Меню сайта

Календарь
«  Декабрь 2009  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031

Главная » 2009 » Декабрь » 18 » МУРОҶИАТНОМАИ вакилони Форуми дуюми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон ба ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
13:25
МУРОҶИАТНОМАИ вакилони Форуми дуюми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон ба ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУРОҶИАТНОМАИ вакилони Форуми дуюми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон ба ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Мӯҳтарам ЭМОМАЛӢ РАҲМОН!
Яке аз дастовардҳои пурарзиши солҳои истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллӣ густариши бештари озодиҳои демократӣ ва ба арсаи вуҷуд қадам гузоштани аввалин ниҳоду сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд, аз қабили озодии сухан ва матбуот, гуногунандешӣ ва бисёрҳизбӣ, шаклҳои гуногуни созмонҳои ғайридавлатӣ ба шумор меравад. Воқеан мо тавонистем таи ин солҳо таҳкурсии ҷомеаи шаҳрвандиро гузорем. Масъалаи ташаккул ва такомули баъдии созмонҳои ғайридавлатӣ дар ҳамин замина аҳамияти махсус касб кардааст. Имрӯз дар асл соҳае нест, ки намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ дар ҳалли мушкилоти он ширкат наварзанд. Ҳиссаи созмонҳои ғайридавлатӣ махсусан дар бозомӯзӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳрвандони кишвар назаррас аст. Аввалин марказҳои бозомӯзии замонавӣ, кор бо занону кӯдакон, маъюбону барҷомондагон, таъсиси аввалин корхонаҳои хурди тиҷоративу ғайритиҷоратӣ, ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ ва маорифи кишвар, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, фароҳам сохтани аввалин кӯмакҳои моливу пулӣ ва марказҳои таълимӣ барои насли нави соҳибкорон, ташкили курсҳои махсуси кӯтоҳмуддат барои кормандон ва хизматчиёни давлатӣ, муҳайё сохтани имконот ва ҷойҳои нави кор барои ҷавонон ва соҳибхоназанҳо – чунинанд номгӯйи нопурраи фаъолиятҳое, ки созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон дар давоми 17 соли охир ба он сару кор доранд. Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон ҳамкориҳои иҷтимоӣ барои ҳалли босамари масъалаҳо ва мушкилиҳои ҷомеаи имрӯзии кишвар аст. Муҳим аст ки механизмҳои амалии истифодаи фармоишоти давлатӣ ва ҳамкориҳои босамари сохторҳои давлатӣ, соҳибкорӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ ба роҳ монда шаванд. Саҳми онҳо дар амалӣ сохтани барномаҳои дарозмуддату кӯтоҳмуддати муҳими кишвар, аз қабили Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2007 - 2009, Консепсияи миллии гузариш ба рушди устувор ва ғайра боло бурда шавад. Боиси хурсандист, ки дар соли 2002 аввалин конференсия дар ҳамин замина бо иштироки бевоситаи Шумо доир гардид, ки худ гувоҳи иродаи неки сиёсии роҳбарияти олии давлатӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон дар навсозиҳои демократӣ ва эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқбунёд дар кишвари тозаистиқлоли тоҷикон буд. Имрӯз бо гузашти солҳо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мароми тозае ба худ касб кардааст. Чуноне ки Шумо худ фармудаед, дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тарбияи аъзои фаъоли он дар баробари сохтору мақомоти масъули давлатӣ созмонҳои ғайридавлатӣ низ бояд нақши арзанда дошта бошанд. Муваффақиятҳо дар ин замина назаррасанд, аммо камбудиву холигиҳо низ кам нестанд. Аслан дар ҳаёти созмонҳои ғайридавлатии кишвар марҳалаи нави тақдирсозе фаро расидааст. Лозим аст, ки дар ин марҳалаи ниҳоят муҳим тамоми тарафҳои ҳавасманд ҷамъ оянд ва аз тариқи гуфтугӯйҳои ҷиддӣ роҳу равиши фаъолият ва ҳамкориҳои созандаи худро ба хотири шукуфоии бештари кишвар мавриди баррасӣ қарор диҳанд. Дар ҳамин замина мулоқоти навбатии Шумо бо созмонҳои ғайридавлатии кишвар, ки умедворем дар соли 2010 сурат хоҳад гирифт, айни муддао ва боиси такони дигари ҷиддӣ дар ташаккул ва инкишофи устувор ва касбии СҒД хоҳад буд. Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ! Мо вакилони Форуми дуввуми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон дастур ва нишондодҳои Шуморо оид ба рушди минбаъдаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон сармашқи кори худ қарор дода, ба хулосае омадем, ки дар марҳилаи кунунии инкишофи кишвар вазифаи асосии тамоми қувваҳои солими ҷомеа муттаҳид шудан ва ба ҳам пайвастан ба хотири шукуфоии бештари кишвари азизамон Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои аввалиндараҷаи соҳаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодиест, ки дар ниҳояти кор барои муваффақ шудан ба дараҷаҳои баландтар ва сифатан беҳтари сатҳи рифоъ ва зиндагии бофароғати мардумони кишварамон мусоидат хоҳад кард. Мо ҳавасманд ва омодаи ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ бо сохторҳои мухталифи мақомоти давлатӣ ҳастем. Боиси хурсандист, ки имрӯз созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон, таҷрибаи кор ва захираҳои фаровони ақливу зеҳнии онҳо ҳамчун қисми муҳим ва ҷудонопазири равандҳои демократии кишвар ва эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳалли масъалаҳои рӯзмарраи кишвар мавриди истифодаи васеъ қарор гирифтаанд. Аммо иштироки СҒД дар ҳаёти сиёсии кишвар чандон назаррас нест. Масалан, дар кишварҳое чун Афғонистону Қирғизистон ва Озарбойҷону Россия чандин сол аст, ки намояндагони СҒД бевосита дар Парламенти ин кишварҳо дӯш бар дӯш бо дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолият доранд. Ба ҳамин муносибат вакилони Форуми дуюми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мекунанд, ки дар баланд бурдани нақш ва мақоми СҒД дар ҳаёти сиёсии кишвар ва аз ҷумла иштироки фаъолонаи онҳо дар интихоботи қарибулвуқӯи парламенти кишвар низ мусоидат намоед. Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ! Вакилони Форуми дуввуми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон бо ҷону дил ташаббусҳои шуморо дар роҳи инкишофи иқтисодӣ ва ба даст овардани истиқлоли энергетикии кишвар, махсусан бунёди нерӯгоҳи барқии Роғун ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, Шуморо бовар мекунонанд, ки тамоми қувва, матонат, донишу таҷриба ва имконоти худро дар роҳи амалӣ сохтани барномаҳои стратегии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, баланд бурдани сатҳи рифои мардум ва шукуфоии бештари кишвари азизамон равона хоҳанд кард. Ба Шумо,Ҷаноби Олӣ, тани сиҳату хотири ҷамъ ва дар роҳи амалӣ гаштани барномаҳои тақдирсози кишвар ва саодати бештари мардумони Тоҷикистони азизамон барори кор мехоҳем. Муроҷиатномаи мазкур ба таърихи 10 декабри соли 2009 аз тарафи вакилони Форуми дуввуми миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон қабул гардидааст.
Просмотров: 801 | Добавил: ngo
Наши партнеры
 
  
  

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Наши партнеры
  • АФОКП        
  • Лучшие сайты Рунета
  • Кулинарные рецепты

  • Shuhrat Latifov

    Создайте свою визитку
    Copyright Shuhrat Latifov © 2024Сделать бесплатный сайт с uCoz