ОНЛАЙН РЕЗЮМЕ ЛАТИФОВ ШУХРАТ Чумъа, 19.04.2024, 16:46
Приветствую Вас Гость | RSS

Меню сайта

Календарь
«  Июнь 2011  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930

Главная » 2011 » Июнь » 29 » Аз асорат озод шудани тоҷики 22-сола дар Маскав
10:38
Аз асорат озод шудани тоҷики 22-сола дар Маскав
                29-уми июн. TojNews - Дар назди Балашихеи Маскав кормандони мақомоти зидахл (ГИБДД) ҳангоми тафтишоти нақлиёти сабукрави тамғаи BMW аз бағоҷи он шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро озод намуданд. Тавре хабаргузории www.infox.ru менависад, аз дохили ин нақлиёт ду тан шаҳрванди Қирғизистон дастгир гаштанд. Бино ба иттилои шўъбаи Раёсати корҳои дохилии вилояти Маскав, пою дастони марди ҷабрдида скотчпеч шуда буданд. - Вақте гаравгонро озод намуданд, ҳар серо ба қисми навбатдорӣ бурданд,- меафзояд манбаъ. Дар робита ба ин, тоҷики 22-солаи озодшуда гуфтааст, ки ў бо воситаи нақлиёти тамғаи BMW ба кирокашӣ машғул будааст. Ҳангоми яке аз сафарҳо ба нақлиёти ин ҷавонписар ду тан шаҳрванди Қирғизистон нишаста, бо таҳдиди корд онҳо дасту пойҳои ўро баста, дар қисми бағоҷи нақлиёт ҷой намудаанд. Аз рўи гуфтаи ронандаи нақлиёт ва мусофири он, кормандони мақомоти дахлдор маълум намудаанд, ки дар моҳи майи соли равон шаҳрванди Тоҷикистон аз шаҳрванди Қирғизистон хостори харидани ин нақлиёт шудааст. Дар яке аз каҳвахонаи Маскав, ки харидор ваъда карда буд маблағи лозимаро медиҳад, ў аз соҳиби нақлиёти BMW калидро гирифта, ба автомашинаи мазкур нишаста, ба ҷониби номаълум баромада рафтааст. Пас аз чанд муддат шиносони соҳиби BMW ба шаҳрванди Қирғизистон гуфтаанд, ки нақлиёти ўро дар яке аз навоҳии Маскав дидаанд. Баъдан, соҳиби нақлиёти BMW онро думболагир шуда, ба хулосае омад, ки бо яке аз дўстонаш бояд ин рабояндаро «танбеҳ» диҳад ва онҳо дасту пойҳои ҷавони тоҷикро баста, ба бағоҷи автомашина ҷой карданд. http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=15618&Itemid=28
Ҷамшед МАЪРУФ

Просмотров: 785 | Добавил: ngo
Наши партнеры
 
  
  

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Наши партнеры
  • АФОКП        
  • Лучшие сайты Рунета
  • Кулинарные рецепты

  • Shuhrat Latifov

    Создайте свою визитку
    Copyright Shuhrat Latifov © 2024Сделать бесплатный сайт с uCoz