Шўъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, барномаи «Худидоракунии маҳаллӣ» Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Идоракунии содиқона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои пешниҳоди ғояҳои лоиҳавӣ озмун эълон мекунад ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва гурӯҳҳои банақшагирии стратегиро(ГБС), ки дар лоиҳаи «Стратегияи рушди иҷтимоӣ- иқтисодии шаҳрҳои хурди Тоҷикистон» ширкат намудаанд, барои иштирок даъват мекунад. Пешниҳодот бояд аз стратегияе, ки дар доираи барномаи «Худидоракунии маҳаллӣ» бармеояд, иборат бошад. Шартҳои қабули пешниҳодот: • муҳимият ва самарнокӣ; • навгони гоя ва муносибати дуруст барои амалӣ кардани он; • ҳамкории мақомоти худидораи маҳаллӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ҳалли мушкилоти иҷтимоии минтақа; • устувории ғояҳои лоиҳа; Барои иштирок дар озмун пешниҳоди нома бо мазмуни зер ҳатмист: • Мазмуни мухтасари пешниҳод (то 500 калима); • Мақсад, вазифа, натиҷаҳои интизорбуда (то 500 калима); • Стратегияи рушди иҷтимоӣ- иқтисодии минтақа (нусха) • Маълумоти мухтасар оиди иҷроиши стратегияи иҷтимои-иқтисодии минтақа. • Маълумот дар бораи мақомоти худидораи маҳаллӣ. Мӯҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо – 30 сентябри соли 2010. Маълумоти муфассал ва нусхаи ҳуҷҷатҳоро Шумо аз сомонаи www.soros.tj ва ё аз дафтари ИҶК ФҲ – Тоҷикистон бо суроғаи ш.Душанбе, к.Бохтар 37/1, Маркази тиҷорати Vefa", ошёнаи-4, тел: 221-55-58, 441-07-28, 441-07-45, 441-07-46, гирифта метавонед е-mail: lgi@osi.tajik.net , шахси масъул: Манучеҳр Камолиддинов Ҳуҷҷатҳое, ки ба шартҳои ИҶКБМ –Тоҷикистон ҷавобгӯ нестанд, номукаммаланд ва ё пас аз мӯҳлати зикргардида расидаанд, баррасӣ намешаванд. Ҳуҷҷатҳои ба озмун пешниҳодшуда баргардонида намешаванд. |