ОНЛАЙН РЕЗЮМЕ ЛАТИФОВ ШУХРАТ Чумъа, 17.05.2024, 07:48
Приветствую Вас Гость | RSS

Меню сайта

Календарь
«  Март 2011  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031

Главная » 2011 » Март » 12 » «Нигоҳ»: Муҳоҷирати қонунӣ ё роҳхат ба ғуломӣ?
06:28
«Нигоҳ»: Муҳоҷирати қонунӣ ё роҳхат ба ғуломӣ?

Як гурӯҳ муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ, ки ба таври қонунӣ ба  вилояти Иркутски Федератсия Русия сафарбар шуда буданд, бо алам ва дарду сӯзи зиёд ба ватан баргаштаанд. Ба гуфти худи онҳо, сабабаи бозгашташон асосан поймол шудании ҳуқуқҳояшон аст. - Ширкати миёнарави тоҷикистонӣ Маркази байналмилалии кадрии «Тоҷикавиатур» ва ширкати сохтмонии русиягӣ «ВостСибСтрой» беш аз 200 нафарро ба вилояти Иркутски Русия бурда буданд, бо онҳо чун «ғуломдор бо ғуломон» муносибат мекардаанд.

- Имрӯзҳо низ беш аз 100 нафар муҳоҷирони кории тоҷик дар шаҳри Иркутск тақрибан дар ғуломиянд, ки миёнашон мӯсафедон ҳам ҳастанд, - мегӯяд ҳуқуқшиноси тоҷик аз Иркутск дар сӯҳбат бо «Нигоҳ»...

Ваъдаҳои коғазӣ

Беш аз 100 нафар муҳоҷирони кории тоҷик аз вилояти Иркутски Федератсияи Русия ба ватан баргашта наметавонанд. Корфармо, ширкати русии «ВостСибСтрой» ва миёнарав ширкати тоҷикистонии Маркази байналмилалии «Тоҷикавиатур», беш аз 200 нафарро бо имзорасонии чанд коғаз ба Иркутск бурда, онҳоро дар шароити ғайриқобили қабул нигоҳ медоштанд ва қарздор ҳам кардаанд.      

Эмомалӣ ЗИЁЕВяке аз муҳоҷирони кории аз Иркутск баргашта нақл мекунад, ки аз ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ дар Душанбе ба Ширкати «Тоҷикавиатур» барои ҷой кор дар Русия муроҷиат кардааст.

- Моҳи ноябри соли гузашта вақте ман ба офиси ширкати «Тоҷикавиатур» воқеъ дар шаҳри Душанбе, наздикии кинотеатри «Ватан» омадам, ба ман ваъда доданд, ки аз 35-40 ҳазор рубли русӣ маош мегиред. Гуфтанд, ки як моҳи аввал ҷойи хоб, хӯрок аз ҳисоби ширкат пардохт мешавад. Тамоми шароит бароятон дар Иркутск таъмин карда мешавад. Шуморо дар ҷойи зист ба қайд мегиранд гуфтанд. Иҷозатнома барои кор медиҳанд. Гуфтанд, ки бо шумо шартнома мекунем, страховой полис ба 30 000 рубли русӣ (ҳуҷҷате, ки тибқи шартномаи ширкати суғуртавӣ ба суғурташаванда дода мешавад- «Нигоҳ») ва кортҳои бонкӣ дода мешавад. Ҳатто гуфтанд, ки маблағи чиптаи ҳавопайморо ҳам худи ширкат медиҳад. Мо ҳашт нафар омада будем. Ба ваъдаҳои намояндаҳои ҳамин ширкат бовар карда, тарки ватан кардем. Аз фурудгоҳ моро рост ба ҷойи хобамон бурданд. Ҷойи хобамонро дидему диламон аз ин ширкат монд. Ҳамааш аён шуд, ки моро фиреб додаанд. Дар Душанбе ба мо гуфта буданд, ки субҳи барвақт ба кор мебароед. Даҳ котлован, (чоҳ барои сохтмони зербино - «Нигоҳ») омода аст. Вақте саҳарӣ 
моро ба кор бурданд, на котлован тайёр буду на ҳич.

Камолиддин ЯҚУБОВяк ҷавони дигар, ки ҳамчунин дар ин ширкат кор мекардааст ва акнун ба Тоҷикистон баргаштааст, мегӯяд: хӯроки саҳарии мо, ду бурида нон, як станкан чой ва як бурида маска буд. Як пачкаи 250 -граммаи маскаро ба 16 нафар тақсим карда медоданд. Мо ҳатто ин завтрак, «наҳорӣ»-ро бо телефон аксбардорӣ кардаем.  

Ношукрӣ нашавад, вале биринҷу макаронро дар дег ҳар кас намеёфт. Як пойи мурғро ба як сатил об партофта то ҳадде меҷошониданд, ки атола мешуд. Ҳамин атоларо ба косаҳои мерехтанд. Ана ҳамин буд шароити мо. Дар 35-40 дараҷа хунукии ҳаво бо ҳамин хӯрду хӯрок мо кор кардем. Дар шартномаи мо соати корӣ 8 соат навишта шудааст, аммо мо аз соати 8:00-и саҳарӣ то 19:00-и бегоҳӣ кор мекардем. Ҷойи хобамон манзили калону сард буд, ки гарм карда наметавонистем. Гуфта буданд, ки телевизор ҳаст. Ҳич чиз набуд.  Ҷойи дастурӯшӯйӣ аз ҷойи хоб 500-600 метр дур буд. Дар ҳавои сард, ҳатто хуши дастурӯшӯӣ надоштем. Бегоҳӣ ҳамин ҳол, баъди кор ҳама лакот худро ба ҷогаҳи хунук мепечондем.

Тоҷиддин ПИРОВ, ҷавони дигар, ки ҳамчун муҳоҷири қонунии корӣ бо воситаи Ширкати «Тоҷикавиатур» дар Иркутск будааст, нақл мекунад:

-Ба мо баъди як моҳи кор дар ҳавои хунук ҳамагӣ аз 3-4 то 7 ҳазор рублӣ маош навиштаанд. Аз ҳамин ҳам «Тоҷикавиатур» 1000-2000 рублиашро гардонда гирифт.  

Мо 1160 метри квадратӣ гипсокартон насб кардем. Медонам, ки музд барои насби ҳар метри квадратӣ дар Русия имрӯз на кам 350 рубл аст. Кори моро бошад, барои метрии квадратӣ 50-рублӣ ҳисоб карданд.

Эмомов ҚУРБОН, ҷавони дигар аз ҳамин гурӯҳ нақл мекунад, мо ба намояндаи «Тоҷикавиатур», Икром Шарипов, вақте ҳамроҳи Алишер Гиясович, маъруф бо  Алишер, ки худро намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Русия муаррифӣ мекард, ба Иркутск омада буданд, гуфтем, ки мо як моҳ кор кардем, вале то ҳол намедонем, ки нархи кори мо, масалан барои насб кардани як метри квадратии гипсокартон чанд рубл аст. Мо то ҳол, страховой полис надорем. Чанд нафар бемор хобанд, духтури овардаашон фақат витамин медиҳад. Шароитамонро ба ӯ фаҳмондем. Гуфтем, ки модоме, ки ширкати шумо натавонист, ваъдаашро иҷро кунад, моро ба Тоҷикистон баргардонед. Шумо моро овардед, шумо баред. Ҳама ҳаминро гуфтанд. Маълум, ки мо омадем, ки ба хона пул фиристем. Зану фарзандони мо чӣ мехӯранд? Мо як моҳ кор карда, ба хона як тин нафиристодаем. Ушерби  (товони зарар) моро ширкат пардохт мекунад ё не? Ин одамон ба мо дар ҷавоб гуфтанд, ки тоҷик кӣ шудааст, ки ушерб дошта бошад? Ягон хел ущерб нест. Тоқат кунед, кор кунед, ҳамааш хуб мешавад. Касе нахоҳад, кор кунад, ба Тоҷикистон баргардад. Мо ҳисоб мекунем, агар қарздор набошед, марҳамат.         

Шумо инро метавонед дар сабтҳои видеоӣ тамошо кунед. Мо маҷлисро ба  телефонҳо сабт карда будем. Дарвоқеъ, вақте медиданд, ки мо бо телефон сабт мекунем, гапҳои подарҳавояшонро намегуфтанд. Берун аз сабт мегуфтанд, ки касе ба додатон намерасад. Яктояш ҳатто гуфт, ки «президент ҳам аз мо дуо мегирад». Ин гапи ӯро чандин шоҳидон  шуниданд ва даркор шавад тасдиқ ҳам мекунанд.

Наим МУҲАММАДРАИМОВ,  ҷавони дигар нақл мекунад: - Вақте моро аз Тоҷикистон бурданд, ҳатто паспортҳоямонро (шиноснома) ба дастамон намедоданд. Мисли ғулом будем, ки намедонистем ба куҷо равем. Фақат бо копия (нусхаи шиноснома) мегаштем. Баъд маҷбур шудем ба як рақами телефон ба Тоҷикистон ба УБОП (Идораи мубориза бо ҷиноятҳои махсуси ВКД) занг занем. Баъди ин занги телефонӣ ба мо шиносномаҳоро баргардонданд. Ба мо мегуфтанд, ки эҳтиёт шавед, ки милисаҳо дастгир накунанд, ки депортатсия мешавед. Вақте мо регистратсияву иҷозатнома барои кор дошта бошем, барои чӣ онҳо аз милиса метарсонданд моро?  

Худи ман аз сардӣ бемор шудам. Вақте гуфтам бояд ба духтур баред, духтури овардаашон Самиев ба ман гуфт, ки пул дорӣ, ки ба духтур барам? Доруҳое, ки ҳоло ман сарф мекунам, маблағаш ба номатон навишта мешаванд. Ҳамчун қарз. Доруро аз як рафиқам, ки дар Русия кор мекунад, қарз гирифта худам харидам....   

Маҳмадтоҳир ЗОЕВ, як ҷавони дигар аз ин гурӯҳ нақл мекунад, ки моро ҳамчунин тарс медоданд, ки агар кор накунед, 3200 доллар қарздор мешавед. Мо ин пулро через (бо воситаи) ВКД дар Тоҷикистон ҳам бошад, аз падару модаратон мегирем... Магар ин шарту шароиту тарсдиҳиҳо нишонаҳои ғуломдорӣ нестанд?!

Табиист, ки баъди ин муроҷиат ва тамошои наворҳои видеоӣ «Нигоҳ» ба таҳқиқи қазия шуру намуд.         

Ҳамааш аз чӣ сар шуд?

Бинобар ҳуҷҷатҳое, ки ба «Нигоҳ» дастрас шудаанд, 22-юми ноябри соли гузашта (22.11.2010) Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии  Тоҷикистон ба Раиси идораи федералии хадамоти муҳоҷирати Русия дар вилояти Иркутск расман муроҷиат кардааст.

Дар номаи расмӣ, ки зераш имзои Сафиаллоҳ Девонаев - он вақт муовини раиси ин хадамот, айни ҳол Раиси Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Тоҷикистон гузошта шудааст, аз ҷумла гуфта мешавад: «... маълуматон мекунем, ки ба ширкати тоҷикистонии Маркази байналмилалии кадрии «Тоҷикавиатур» аз ҷониби Ширкати сохтмони манзили истиқоматии (ЖСК)«ВостСибСтрой»-и Иркутск барои ҷалби 200 нафар... муроҷиат шудааст. ...Тибқи шартномае, ки корфармо ва иҷрокунанда имзо хоҳанд кард, корфармо ба қайди ҷойи зист(регистратсия) шудан ва дастрас кардани иҷозатнома барои кор ба муҳоҷирони корӣ вазифадор хоҳад буд.

Бинобарин, аз Шумо хоҳиш мекунем, ки оҷилан дар баррасӣ ва дастрасии ҳуҷҷатҳо ба муҳоҷирони корӣ, тибқи рӯйхати  пешниҳодкардаи ҶСК «ВостСибСтрой» мусоидат намоед...»

Дар мактуби дигар, ки ҶСК «ВостСибСтрой»-и Иркутск ба ВКД 24-уми январи соли равон ирсол шудааст, ки дар он ин ширкати русиягӣ ба ВКД-и Тоҷикистон дар бораи вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар Иркутск маълумот додаст.

Дар мактуб, ки зераш имзои муовини раиси ширкат Шутов В.И. гузошта шудааст, аз ҷумла гуфта мешавад, ки ширкати ҶСК «ВостСибСтрой» то имрӯз ҳамаи он вазифа ва ӯҳдадориҳое, ки ба зиммааш гирифта буд, пурра иҷро кардааст. 180 нафар муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ, дар сохтмони бинои баландошёнаи барои 25 ҳазор нафар ва дорои 8300 хонаи истиқоматӣ ва сохтмони манзилҳои истиқоматии заминӣ барои иштирокчиёни ҶБВ (Ҷанги 2-юми ҷаҳон- «Нигоҳ») дар масоҳати зиёда аз 100 га ба корҳои сохтмонӣ ҷалб шудаанд. ... Ҳамаи коргарон бо ҷойи зист, ки дорои барқу гармӣ аст, таъмин карда шуда, ҳар як коргар бо либос ва пойафзоли зимистона таъмин карда шудааст. Ҳамаи шароит барои зист, ҳаммом, хӯроки саривақтӣ, нуқтаи тиббӣ омода  ва дорувории аввалия харидорӣ шудааст.

Дар ин мактуб ҳамчунин гуфта мешавад, Ширкати «ВостСибСтрой» барои 180 нафар санадҳо дар бораи қайди ҷойи зист, иҷозатнома барои кор, барои 1 сол ва суғуртаи тиббӣ то 50 000 рублӣ барои ҳар нафар омода кардааст. Ҳамчунин, гуфта мешавад, дар охири моҳи декабр ба коргарон аванс ва моҳи январ маош дода шудаааст, ки вобаста ба мӯҳлати кор, ба ҳар як коргар беш аз 21 ҳазор рублиро ташкил додааст.  

Муаллиф ҳамчунин ба ВКД шикоят мекунад, ки баъзе иттиҳодияҳои  ҷамъиятӣ, аз ҷумла диаспораи тоҷикони Иркутск ба кори «ВостСибСтрой» халал мерасонад, ки ба гуфтаи Шутов мақсади диаспораи тоҷикон танг кардани ҷойи муҳоҷирони кории қонунӣ будааст, то барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҷойи кор муҳайё кунанд. Ба навиштаи Шутов, муҳоҷирони корӣ, таҳти таъсири ин нафарон ба кор набаромада, ин боиси қатъ шудани шартномаи миёни 11 нафар коргар ва ширкати «ВостСибстрой» гардидааст, ки ба Тоҷикистон баргардонда шудаанд. Бинобарин мактуб, ин ширкат аз ВКД ва намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дархост кардааст, ки гурӯҳи 11-нафара, ки рӯйхати номҳояшон дар мактуб замима шудааст, дар фурудгоҳи Душанбе пешвоз гирифта шаванд. Зарари молии ин гурӯҳи 11-нафара дар мактуб 459 ҳазору 277 рубли русӣ навишта шудааст.

11 тан аз рӯйхати «сиёҳ»

Дар ҳамин ҳол, пештар аз ин мактуб, дар санаи 17-уми январ ба раиси ҶСП Ширкати Маркази байналмилалии кадрии «Тоҷикавиатур», ҷаноби Камол АКРАМОВ, як мактуби дигар низ ирсол гардида будааст, ки лаҳни нисбатан шадидтар дорад. Дар ин мактуб, ки зераш имзои директори «ВостСибСтрой» бо номи Ничипуренко А.В.  меистад, аз раиси Маркази байналмилалии кадрии «Тоҷикавиатур»  қотеона талаб карда шудааст, ки иҷроиши шартҳои шартномаро аз ҷониби гурӯҳи 11-нафараи муҳоҷирони корӣ, ки худсарона ба кор набаромаданд ва ба ширкати русиягӣ қарздоранд, таҳти назорат гирад.    

Дар ин мактуб раиси «ВостСибСтрой» менаивсад, ки ба муҳоҷирони тоҷик аванс дода шудааст. Аммо дар бораи маош, ки ба гуфтаи муовинаш Шутов беш аз 21 ҳазор рублиро ташкил медодааст, чизе гуфта намешавад.

Кӣ ҳақ аст, маълум мешавад, аммо кӣ ғолиб мешавад?

Дар ҳамин ҳол, гурӯҳи ҷавонони аз муҳоҷират баргашта, иттилоъро дар бораи маош ба «Нигоҳ» бардурӯғ унвон карданд ва мегӯянд дар дар ду моҳи корашон маош нагирифтаанд.

-Танҳо ҳамин аванс буд, ки аз 3 то 7 ҳазор рублӣ навиштанд, баъд аз аванси ҳар нафар ба миқдори 1000 - 2000 ҳазор рублӣ нигоҳ доштанд. Ҳатто барои ба хона занг зада телефонӣ сӯҳбат кардан бо зану фарзандонамон пул надоштем, - мегӯяд Қобил ХОЛИҚОВ  ки ҳамчунин аз Иркутск баргаштааст.

Кӣ ҳақ аст, маълум мешавад, вале кӣ ғолиб меояд? Раиси МБК «Тоҷикавиатур» Камол Акрамов, ки ба як расона гуфтааст, ин гурӯҳи 11-нафара, ки исён ва корпартоӣ кардаанду ба ширкати Русия беш аз ним миллион рублӣ русӣ қарздоранд? Ва ё гурӯҳи иборат аз 11 нафар, ки ба  гуфташон, ду моҳ ғуломӣ кардаанд ва ба ин ҳадди ақалл, то 200 нафар шоҳид аст?

Ҷавонони муҳоҷир мегӯянд ба Тоҷикистон ба он хотир баргаштаанд, ки ҳаққи худро аз МБК «Тоҷикавиатур», ки онҳоро ба Иркутск бурдааст талаб кунанд. Онҳо мегӯянд, ин ширкат, ки ду моҳ онҳоро дар шароити бадтарин нигоҳ дошта ӯҳдадориҳояшро иҷро накардааст, бояд бо иловаи зарари маънавии расондааш пардохт кунад. Муҳоҷирон мегӯянд тасмим гирифтаанд, сабтҳои видеоиро, ки дар он муҳоҷирони боқимонда ба мақомоти Тоҷикистон ҳамчун кафили таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон, муроҷиат кардаанд, шахсан ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои тамошо ва хулоса бифиристанд.

- Бигзор президенти кишвар худ тамошо кунанд ва бидонанд, ки бо шаҳрвандони муҳоҷири тоҷик чӣ гуна рафтор мекунанду мақомоти дахлдор хомӯшанд.   

Дар яке аз сабтҳои видеоӣ, ки ба гуфтаи ин гурӯҳи ҷавонон ба телефон пеш аз бозгашт ба ватан наворбардорӣ шудааст, даҳҳо нафар иштирок дошта, ҳар яке аз онҳо аз ҳукумати кишвар ва мақомоти дахлдори Тоҷикистон шикоят мекунанд, ки дар шароити ғуломона ба сар мебаранд ва ҳар кадом хоҳиш кардаанд, ба онҳо барои бозгашт ба ватан кӯмак кунанд.

Ба доди мо ҳам расед!

Мо барои санҷидани дурустии ин факту рақамҳо бо ду тан аз онҳое, ки айни ҳол дар Иркутск дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд, сӯҳбати телефонӣ доштем.

Ҳар ду ҳам, мегӯянд, то ҳоло дар ин ширкат дар Иркутск кор мекунанд. Вақте дар бораи шароити корӣ пурсон шудем, Суҳайл (ном иваз шудааст,-«Нигоҳ») гуфт:

- Хӯроки моро, ба Худо, агар ба пеши саг гузорӣ, шояд нахӯрад... Як бор маош доданд, ки ҳамагӣ 8 ҳазор рублӣ русӣ буд. Тамом. Саҳар то шаб кор мекунем.

Ба саволи «Нигоҳ», ки модоме шароити корӣ нест, чаро ба ватан - ба Тоҷикистон барнамегардед, бо саволи дигар посух гуфтанд: бо чӣ равем? Бо кисаҳои холӣ? Моро дар хона кӯдакон, зан фарзанд ба умед интизоранд... Қарзи инҳоро кӣ меканад?    Ба Маркази байналмилалии кадрии «Тоҷикавиатур» телефонӣ муроҷиат кардем. Ба гуфтаи овоз аз гӯшӣ раиси МБК «Тоҷикавиатур» Камол Акрамов бинобар ҳузур надоштанашон бо мо сӯҳбат карда наметавонанд. Ҳамчунин, ҷавоб ба саволи мо, ки бо кадом  шумораи телефонӣ метавонем, бо ҷаноби Камол Акрамов дар тамос  бошем, овоз аз гӯшӣ посух дод, ки коргари нав аст ва ба ин гуна иттилоъ дастрасӣ надорад.   

Кӯшишҳои пайдарпайи «Нигоҳ» барои тамос гирифтан бо муовини раис ҷаноби Икром Шарипов низ бо нокомӣ анҷом ёфтанд.    

Дар ҳамин ҳол, ба мо муяссар шуд, бо Вайсуддун ҒАЙРАТОВроҳбари яке аз созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон дар шаҳри Иркутск фаъолияти ҳуқуқӣ доштааст сӯҳбати телефонӣ анҷом диҳем. Номбурда мегӯяд, - дар Иркутск 208 нафар дар шароити ғуломӣ нигоҳ дошта мешуданд. Аз инҳо баъзеашон аз кор кардан саркашӣ кардан, зеро ба онҳо ҳатто паспорташон дода намешуд. 35 ҳазор рубли русӣ ваъда карда, ба ин муҳоҷирон ҳамагӣ 3 ҳазор рублӣ додаанд. Ман борҳо дар маҷлисҳои ин гурӯҳи муҳоҷирон бо Хадамоти муҳоҷирати Русия иштирок доштам. Шароити онҳоро дида раҳми кас меояд. Айни ҳол як гурӯҳи калони беш аз 100-нафара дар Иркутск нимгурусна ғуломвор кор фармуда мешаванд ва наметавонанд ба ватан баргарданд, зеро онҳоро бо таҳдид, ки қарздор мешаванд, дар ин ҷо нигоҳ медоранд ва аз қувваи кори бепул истифода мебаранд. Ин ширкатҳо барои хӯрок ва ҳар чизи дигар аз маоши муҳоҷирон маблағи худро мегиранд. Ягона коре, ки «ВостСибСтрой» анҷом додаст, ин харидани чипта барои ҳар як коргар, ки ба назарам, ин маблағ аллакай дар беш аз ду моҳи корфармудани муҳоҷирон ба ин ширкат баргаштааст.

Ман ҳуқуқшинос ҳастам ва ин ҷо созмони ҷамъиятии тоҷиконро ташкил кардам, ки ба муҳоҷирони корӣ хизмати ҳуқуқӣ мерасонам. Дар асл дар Иркуст ягон намояндаи расмии Тоҷикистон нест. На аз сафорат, на аз хадамоти муҳоҷират. Ба ҷойи ин сохторҳо дар Иркутск ин корҳоро аслан ҷинояткорон ба ӯҳда доранд ва худро намояндаи ину он гуфтан мегиранд.

Аз «Нигоҳ»

Тибқи иттилои ахир, дар робита ба ин қазия ҳанӯз парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст, вале ба иттилои адвокати ваколатдори муҳоҷирон, Файзи ОЛӣ қазия аллакай дар сатҳи санҷиши прокурорӣ дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон қарор дошта таркиби ҷиноятии қазия муайян мешавад. Ба гуфтаи адвокат, бо назорати ин қазия айни ҳол ду шӯъба, Шӯъбаи назорати корҳои дохилӣ ва Шӯъбаи назорати укмумии  Прокуратураи генералии кишвар машғул аст. Тавре прокурори масъул Раҷабалӣ ТАҒОЕВ, дар ин бора  ба «Нигоҳ» гуфт, айни ҳол назорат тибқи аризаи муроҷиатии ин шаҳрвандон давом дошта, дар мӯҳлати муқарраркардаи қонун ба он ҷавоб дода мешавад. Аз ифшои  ҷузъиёти бештари ин қазия дар Прокуратураи генералӣ худдорӣ карданд.

«Нигоҳ» ин қазияро пайгирӣ хоҳад кард.

Паёми ғарибон ба ватан

Мо дар ин мулки вайрона

Дар хунуки саргардон

Бачаҳо дар ишқи сум

як хелаш гашта маҷнун

Зану фарзанд дар Ватан

Шабу рӯз мехӯранд ғам

Чашмошон ба банк чорай

Банкҳо боша қарорай

Раиси мо Авиатур

Кисааш пури пул

Ғами моро надорад

Ҳар рӯз саёҳат дорад

Эй вориси Тоҷикон!

Хабаргир ҳоли моён

Ҳоли мо ҳоли хуб нест,

Дар кисаи мо пул нест

Кисаҳо бошад холӣ

ВостСибСтрой кунад роӣ

Авқоташ макаронай

Кораш дар рӯи битонай

Мо навиштем ариза

Ариза шуд бемаза

Ҳоли мо ҳоли бад шуд

Ними мардум гаранг шуд

Ваъда доданд тилоӣ

Кисаҳо боша холӣ

Аз ҳоли дили мо

Хабар бигиред Шумо

шаҳри Иркутск, декабри соли 2010

Аз дафтарчаи муҳоҷири кории тоҷик

«Нигоҳ» №49 (220), 23-юми феврали соли 2011

Просмотров: 680 | Добавил: ngo
Наши партнеры
 
  
  

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Наши партнеры
  • АФОКП        
  • Лучшие сайты Рунета
  • Кулинарные рецепты

  • Shuhrat Latifov

    Создайте свою визитку
    Copyright Shuhrat Latifov © 2024Сделать бесплатный сайт с uCoz